14 сентябри 2024 ҷиҳати таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳамватанони муқими Малайзия ва меҳмонони маҳаллӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён навори паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.
Сипас Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, роҷеъ ба муҳимияти истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти мардуми кишвар суханронӣ намуд.
Инчунин ба ҳозирин зиёфати расмӣ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон 7 сентябри соли 2024 ба мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба ҳамбастагии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Малайзия мусобиқаи футбол бо унвони “Ҷоми Истиқлол 2024” баргузор гардид.