• June 14, 2024

Вохӯрии маҷозии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон

7-уми июли соли 2022 вохӯрии маҷозии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия, Таиланд ва Намояндаи доимӣ дар назди UNESCAP А. Қодирӣ бо Раиси шаҳри Истаравшан А. Маъмурзода, Раиси ноҳияи Ашт Ш. Муҳаммадзода, Муовини аввали Раиси Спитамен Ҷ. Муҳаммадназар ва дигар намояндагони мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро муҳокима намуданд. Ҳамчунин мусоҳибон андешидани чораҳои зарурӣ ва омӯхтани иқтидори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа баён намуданд.

Embassy

Read Previous

“Oshi palav” as part of the culinary diplomacy

Read Next

Meeting of Ambassador A. Qodiri with the Ambassador of Thailand to Tajikistan