• March 29, 2024

Таҷлили 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

4 июни соли равон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Индонезия, Таиланд ва Намояндаи доимӣ дар назди UNESCAP бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Ваҳдати миллӣ вохӯрӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Малайзия қарор доранд баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ ба шаҳрвандон оид ба таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди сиёсии он, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ ва ташаккули истиқлолияти миллӣ замина гузоштааст, маълумот дода шуд. Ҳамчунин, роҳбари Намояндагӣ дар бораи муҳиммияти нақши ҷавонон дар ҷомеаи кишварамон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таърихию фарҳангӣ, ва эҳтироми арзишҳои миллӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти хеш ҳамчун Сарвари давлат бо такя ба неруи ҷавонон, ин қишри ҷомеаро созандагони фардои дурахшон медонад.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни шаҳрвандон ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қодирӣ муколамаи озод роҷеъ ба мавзӯҳои мухталиф баргузор гардид.

Embassy

Read Previous

Meeting with UN Deputy Secretary-General Amina Mohammed

Read Next

Meeting of the Ambassador with the Group Managing Director of Pharmaniaga