Ҳамватанони гиромӣ,
Фарорасии баҳори нозанинро, чун нишони қудрати раббонӣ дар таҷдиди ҳаёти табиат ва эҳёи олами нав ба ҳамаи шумо, аҳли хонаводаҳои муҳтарам ва ёру дӯстон табрик арз медорам. Бикунад, ки ин Наврӯзи ҷаҳониён ба хуррамӣ бипайвандад ва хуҷастапай бошаду сафои пирӯзахтар ба ҳамагон бифишонад.
Дар ин баҳоре, ки бо ҳаё дорад фаро мерасад, шумову ҳамаи дӯсторони шуморо ва тамоми мардуми тоҷику тоҷикзаминро файзу баракати саршор ва бахту саодати комгор таманно дорам.
Наврӯзатон фирӯз бод! Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд, Замин дар сояи сунбул ниҳон шуд.
Қиёмат мекунад булбул саҳаргоҳ, Магар гул фитнаи охирзамон шуд?
Зи ранги сабзаву шакли раёҳин, Замин гӯӣ ба сурат осмон шуд.
Сабо дар турраи шамшод печид, Бунафша хоки пои арғувон шуд.
Баҳор омад биёву тавба бишкан, Ки дар вақте дигар суфӣ тавон шуд.
Зи рангу бӯи гул атрофи бӯстон, Ту пиндорӣ биҳишти ҷовидон шуд.
Бо камоли эҳтиром
Ардашер Қодирӣ
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия