• November 7, 2025

Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид

 6 ноябр дар ҳошияи сафари кории Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарони як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкорӣ, аз ҷониби Амрико бошад, намояндагони Конгресс ва Вазорати тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин сардорони ширкатҳои маъруфи байналмилалӣ — Сити (Citi), Кока-Кола (Coca-Cola), Мета (Meta), Спейс Икс Старлинк (SpaceX/Starlink), Насдак (Nasdaq), Валмонт (Valmont), Эф Эл Смидт (FLSmidth), Донишгоҳи Невада ва дигарон ширкат варзиданд.

Ин чорабинӣ минбари муҳим барои тақвияти ҳамкории иқтисодии ду кишвар номида шуд ва дар он имкониятҳои нави ҷалби сармоя, густариши савдо ва татбиқи навгониҳо миёни давлатҳо баррасӣ шуд.

Доираҳои соҳибкории амрикоӣ ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергияи “сабз”, коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва комплекси кишоварзӣ — саноатӣ иброз доштанд.

Тоҷирони амрикоӣ, ҳамчунин, беҳтар гардидани муҳити сармоягузорӣ ва кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузорони хориҷӣ таъкид намуданд.

Аз рӯи натиҷаи кори мизи мудаввар байни ширкатҳои амрикоӣ ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Амрико як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо ва дигар бахшҳои иқтисод ба имзо расид.

Аз чумла, байни ширкати ватании «Сомон Эйр» ва ширкати амрикоии «Боинг» шартномаи дарозмухлат оид ба хариди 14 хавопаймои муосир имзо расонида шуд.

Мизи мудаввар аз ҷониби намояндагони Шурои тиҷоратии амрикоию тоҷикӣ (USTJBC) ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Embassy

Read Previous

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд