• October 13, 2024

Эълон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи иттилоъи Хадамоти муҳоҷирати Малайзия баъди анҷом расидани мӯҳлати Тартиби Назорати Ҳаракат (Movement Control Order – MCO) хадамоти мазкур кори худро дуюмбора барқарор хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки бино ба риояи талаботи беҳдоштӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 хадамот хоҳиш намудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз ташриф овардан ба хадамот, ҳатман тариқи интернет худашонро дар навбати электронӣ сабти ном намоянд, ва то дастрас намудани огоҳӣ роҷеъ ба навбати онҳо ба хадамот ҳозир нашаванд.

Нафароне, ки мӯҳлати рухсатномаҳояшон (мӯҳри 30 рӯзае, ки дар фурудгоҳ гузошта мешавад) моҳи аз январи соли 2020 ба охир расидааст ва чиптаи ҳавопаймо аллакай харидорӣ намудаанд, метавонанд пас аз анҷоми Тартиби Назорати Ҳаракат (Movement Control Order – MCO) дар давоми то 14 рӯз, бидуни ягон санҷиш ва ҷарима Малайзияро тарк кунанд.

Инчунин шахсоне, ки мӯҳлати рухсатномаҳояшон (мӯҳри 30 рӯзае, ки дар фурудгоҳ гузошта мешавад) пеш аз ва ё дар давраи Тартиби Назорати Ҳаракат (Movement Control Order – MCO) гузашта аст, метавонанд барои тамдиди он ба идораҳои Хадамоти муҳоҷирати Малайзия дар сартосари кишвар муроҷиат намоянд. Масъалаи мазкур дар давоми 30 рӯзи корӣ баррасӣ мегардад.

Аз рӯзи 8 майи соли 2020 метавонед дар сомонаҳои зер овардашуда худатонро дар навбати электоронӣ сабти ном намоед. Руйхати системаи бақайдгирии электронии Хадамоти муҳоҷирати Малайзия

1. Visa, Pass Permit PowerQ Application (HQ only)
(www.poweq.my)

Аз PlayStore ва AppStore барномаи хадамотро дастрас кардан мумкин аст. Барои мақсадҳои болозикр, метавонед аз линки зерин истифода намоед:
http://sto.imi.gov.my/

2. Expatriate Services Expatriate Services:
http://esd.imi.gov.my/portal/
Information about MyXpats:
https://esd.imi.gov.my/portal/faq/myxpats/
MyHelp Online Appointment for counter transactions in ESD and RP-T System:
http://rpt.talencorp.com.my

3. All Services:
http://sto.imi.gov.my

Embassy

Read Previous

Football Premier League of Tajikistan has expressed their support to the regional Coronavirus affected countries

Read Next

Тартиби воридшавӣ ба Малайзия аз 01.06.2020