Бо мақсади пешгирии паҳнгардии коронавирус Ҳукумати Малайзия чораҳои зеринро барои ворид шудани шаҳрвандони худ ва хориҷиён ҷорӣ намудааст:
Қабл аз ворид шудан ба кишвар шаҳрванд ӯҳдадор аст, ки ҳуҷҷати расмиро аз линкҳои,
1. www.imi.gov.my
2. www.moh.gov.my
3. www.mot.gov.my
4. www.motac.gov.my
хонапурӣ намуда, пас аз гирифтани иҷозати мақоми масъул ин номаҳоро ба намояндагиҳои дипломатии Малайзия (https://www.kln.gov.my/web/guest/malaysian-mission.) ҳадди ақал 3 шабонарӯз қабл аз санаи парвоз ирсол намояд. Тасдиқи сафарро намояндагии дипломатӣ тариқи почтаи электронӣ ирсол хоҳад намуд;
– Ҳуҷҷати зикргардида бояд ба ширкати ҳавопаймоӣ/баҳрӣ/нақлиётӣ ва дигар мақоми масъул пешниҳод гардад;
– Дар сурати бо худ надоштани ҳуҷҷати болозикр Хадамоти муҳоҷират ҳуқуқ дорад ворид шудан ба кишварро манъ намояд;
– Ҳангоми ворид шудан ба кишвар ҳар як нафар аз ташхис гузаронида шуда, дар сурати доштани нишонаҳои беморӣ бистарӣ хоҳад шуд;
– Шаҳрвандони Малайзия ӯҳдадоранд 50 фоизи маблағи қарор доштан дар карантинро пардохт намоянд (75 рингит наздики 20 доллари ИМА барои як нафар дар як шабонарӯз.) ;
– Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ӯҳдадоранд то 150 рингит (наздик ба 40 доллари ИМА дар як шабонарӯз барои як нафар) дар фурудгоҳ қабл аз рафтан ба макони муайяннамудаи Ҳукумат пардохт намоянд. Бақияи маблағ пас аз муҳлати муайяншуда баргардонида мешавад;- Макони карантин аз тарафи шаҳрванд интихоб карда намешавад;
– Мӯҳлати карантинро Вазорати тандурустии Малайзия муайян мекунад (одатан 14 шабонарӯз);
– Дар сурати пешниҳод накардани маблағи карантин шаҳрванд ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд;
– Дар як ҳуҷра як нафар ҷойгир шуда, дар як шабонарӯз 3 маротиба хӯрок пешниҳод мегардад;
– Пас аз анҷоми муддати карантин ба шаҳрванд иҷозати ҳаракат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дода мешавад;