• October 14, 2024

Талаботи воридшавӣ ба Малайзия

Бо арзи эҳтиром, иттилоъ медиҳем, ки дар Малайзия шурӯъ аз якуми апрели соли 2022 ба хориҷиён иҷозати вуруд дода шуда, ташрифоварандагон ӯҳдадоранд талаботҳои зеринро иҷро намоянд:

  1. Як ҳафта қабл аз сафар ба Малайзия барномаи (app) MySejahtera – ро сабт кунанд. https://www.mysafetravel.gov.my/mysejahtera
  2. Дар барномаи “MySejahtera” дар хонаи “Traveler” маълумотҳои заруриро хонапурӣ намоянд.
  3. Дар барномаи мазкур маълумот дар бораи ваксинаи қабулнамудаашро ворид намояд дар акси ҳол ташрифоварандаро зарур меояд 5 рӯз зери карантин аз ҳисоби шахсӣ қарор гирад.
  4. Дар сурати набудани шаҳодатномаи электронӣ (дар барнома аён нашудани он) шаҳрвандро зурур аст 5 рӯз зери карантин қарор гирад.
    Бояд қайд кард, ки ворид кардани иттилои нодуруст қонунвайронкунӣ ба ҳисоб рафта, ба ҷарима ва маҳрум шудан аз озодӣ сабаб мегардад.
  5. То 48 соат қабл аз ворид шудан ба Малайзия бояд тести “PCR” ва то бисту чор соат то расидан ба Малайзия “RTK-Antigen” супорад ва дар сурати “мусбӣ” будани натиҷаи тест тибқи талаботи воридаи Малайзия корбарӣ мешавад.
  6. Шаҳрвандоне, ки барои будубоши кӯтоҳмуддат ташриф меоранд бояд полиси суғуртавие, ки зиёда аз бист ҳазор доллари ИМА-ро руйпуш мекунад дошта бошанд.
    Лозим ба қайд, аст ки шаҳрвандоне, ки ду ва ё се вояи ваксинаро қабул намудаанд, дар сурати иҷро кардани ҳамаи талаботҳо бе қарор гирифтан дар карантин ворид шуда метавонанд.
    Маълумоти иловагӣ: (https://www.mysafetravel.gov.my/).