7-уми июли соли 2022 вохӯрии маҷозии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия, Таиланд ва Намояндаи доимӣ дар назди UNESCAP А. Қодирӣ бо Раиси шаҳри Истаравшан А. Маъмурзода, Раиси ноҳияи Ашт Ш. Муҳаммадзода, Муовини аввали Раиси Спитамен Ҷ. Муҳаммадназар ва дигар намояндагони мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро муҳокима намуданд. Ҳамчунин мусоҳибон андешидани чораҳои зарурӣ ва омӯхтани иқтидори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа баён намуданд.